Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CММ аз Афғонистон хост, саъйи бештар кунад


Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Афғонистон хост, барои муқобила бо кишти кӯкнор ва тавлиди маводи мухаддир саъйи бештар кунад. Юрий Федотов, мудири Дафтари мубориза бо ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал гуфт, Афғонистон дар маҳви киштзорҳои кӯкнор пешрафти “андаке” доштааст. Юрий Федотов дар ин бора пас аз мулоқот бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар шаҳри Кобул сухан гуфт. Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай, агарчӣ Афғонистонро ҳамеша барои тавлиди афюн таъна мекунанд, аммо “дигаронанд, ки фоидаи онро мебаранд. Дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон дар як баёнияе таъкид кардааст, ки “қочоқи маводи мухаддир ва терроризм пайванди ногусастание доранд ва аксари онҳое, ки ба тиҷорати маводи мухаддир машғуланд, афғон нестанд.“ Навад дар сади маводи мухаддир дар ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад ва ба гуфтаи Созмони Милал, Тоҷикистон як роҳи аслии қочоқи ин мавод ба Русия ва дигар кишварҳост. Қарор аст, Юрий Федотов имрӯз ба Душанбе ворид шавад.
XS
SM
MD
LG