Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Италия афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни заминларзаи нав дар шимолу шарқи Италия дасти кам даҳ нафар аст.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд ва аммо то ҳанӯз иттилои расмӣ дар бораи кушташудагону осебдидагон алҳол нашр нашудааст. Гуфта мешавад, ки бештари онҳо дар канори шаҳри Модена ба ҳалокат расидаанд, ки он ҷо чанд бинои саноатӣ хароб шудаанд.

Ҳамчунин манзили зист, ибодатгоҳ ва дигар биноҳои бар асари офати табиӣ биноҳои аз заминларзаи рӯзи 20 май осебдида фурӯ рехтанд. Дар он зилзила дасти кам ҳафт кас ҷон бохта ва беш аз 6 ҳазор нафар бесарпаноҳ монда буданд.

Маркази заминларзаи нав бо нерӯи 5.8 дараҷаи Рихтер дар тақрибан 40 километрии Болония буд. Ба думболи заминларзаи субҳ дар ин минтақа ҳамчунин чанд бор зилзилаи нерӯяш заъифтар ҳам рӯй дод.

Нахуствазири Италия Марио Монтӣ изҳор намуд, ки ҳукумат барои кӯмак ба осебдидагон аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.
XS
SM
MD
LG