Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофӣ Аннон бо Башор Асад мулоқот кард


Кофӣ Аннон дар Димишқ
Кофӣ Аннон дар Димишқ
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, имрӯз дар Димишқ бо фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннон мулоқот кард. Тафсилоти бештар аз ин дидору гуфтугӯ алҳол зери даст нест.

Кофӣ Аннон бо ҳадафи моил сохтани нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ ба татбиқи созиши оташбас дирӯз вориди Сурия шуд. Гуфта мешавад, сафари фаврии ӯ ба Димишқ бо куштори беш аз сад нафар, аз ҷумла, даҳҳо кӯдакон дар шаҳри Ҳула рабт дорад.

Ҷомеъаи байнулмилалӣ масъулияти ин фоҷиаро бар дӯши мақомоти Сурия гузоштааст. Шӯрои амнияти СММ амали нерӯҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, аз сӯи онҳо истифода шудани тӯпхонаро маҳкум кард.

Димишқ дар навбати худ дар ин ҳодиса мухолифини мусаллаҳро айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG