Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ду "пизишк"-и Алии Бедакӣ аз зиндон


Ду табибе, ки барои ҳамкорӣ бо Аловуддин Далатов (Алии Бедакӣ) зиндонӣ буданд, аз боздошт раҳо гардидаанд.

Мақомоти умури зиндонҳои Тоҷикистон хабари озод шудани ду пизишке, ки барои ҳамкорӣ бо Аловуддин Давлатов мулақаб ба Алии Бедакӣ вориди зиндон шуда буданд, таъйид карданд.

Илҳомҷон Маҳмудов, муовини раиси раёсати зиндонҳои вазорати адлияи кишвар дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки Абдулло Вазиров ва Муҳаммадхолиқ Содиқов дар пайи мавриди иҷро қарор гирифтани қонуни авф ба озодӣ баромаданд.

Дар ҳамин ҳол Хайрулло Ғиёсов, мудири шӯъбаи тандурустии ноҳияи Рашт низ гуфт, ки пас аз озодӣ онҳо фаъолияти худро дар бемористони марказии ноҳия ба роҳ монданд: «Онҳо дар ҷойҳои қаблии худ, яке дар бемористон, дигаре дар дармонгоҳ фаъолият мекунанд. Қаблан ҳам ҷарроҳ буданд ва ҳоло ҳам. Онҳо мутахассисони варзида ҳастанд. Вазиров қариб 30 сол аст, ки дар соҳаи тандурустӣ фаъолият мекунад ва Содиқов сар аз соли 1987. Мо хурсанд шудем, ки онҳо озод шуданд ва ба назди аҳли оила ва ҳамкорони худ баргаштанд».

Абдулло Вазиров ва Муҳаммадхолиқ Содиқов, табибони ин бемористонро мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва собиқ афсари вазорати умури дохилӣ, ки дар як амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар моҳи январи соли гузашта кушта гардид, айбдор шумориданд.

Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи таҳти роҳбарии Аловуддин Давлатов дар пайи ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб (моҳи августи соли 2010), ки 25 кушта бар ҷой гузошт, шурӯъ шуд. Мақомот дар ҳамла ба корвони вазорати мудофиа Аловуддин Давлатов ва гурӯҳи вобаста ба ӯро муқассир ҳисобиданд.

Ба таъйиди мақомоти интизомӣ, ин ду табиб захмҳои Аловуддин Давлатовро, ки дар пайи муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои давлатӣ бардошта буд, дар поёни моҳи сентябр ё аввалҳои моҳи октябр дар деҳаи Муллобароти ноҳияи Рашт муолиҷа карда, вале аз ин ҳодиса ба ниҳодҳои давлатӣ иттиллоъ намедиҳанд.

Абдулло Вазиров ва Муҳаммадхолиқ Содиқов барои ин амал сесолӣ ҳукми зиндон гирифта буданд. Ин ду табиб бештар аз як сол дар паси панҷара ба сар бурда, аммо бо татбиқи Қонуни афви ахир бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон номаи озодии худро дарёфт кардаанд.

Барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи Аловуддин Давлатов ва ё кӯмак ба онҳо, 28 сокини Рашт ба зиндон, аз ҷумла 7 нафар ба ҳабси абад ё якумрӣ маҳкум шуданд. Боқимондаҳо аз 2 то 30 сол равонаи зиндон гардиданд. Дар ин миён Музаффар Давлатов, падари Аловиддин Давлатов мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ки 76 сол дорад, 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
XS
SM
MD
LG