Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Сафина" гуфт, ҳоло аробакашӣ мекунад


Далер Шарифов, хабарнигори телевизиони "Сафина"
Далер Шарифов, хабарнигори телевизиони "Сафина"

Далер Шарифов мегӯяд, ӯро аз ҷои кораш барои ду моҳ рухсатӣ додаанд ва ӯ ночор ба аробакашӣ машғул аст.

Телевизиони "Сафина" хабарнигор Далер Шарифовро, ки чанде пештар аз сӯи афроди номаълум лату кӯб шуда буд, барои ду моҳ рухсатӣ додааст. Моҳлиқо Шарифова, масъули идораи барномаҳои ҷавонӣ, зебоӣ ва варзиши телевизиони "Сафина", дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарияти шабака чунин тасмимро ба хотири комилан беҳбуд ёфтани вазъи сиҳати Далер Шарифов гирифтааст.

Аммо худи Далер, ки аз чунин иқдоми раҳбарияти "Сафина" дар тааҷҷуб афтодааст, гуфт, ӯ ҳоло сиҳат шудааст ва метавонад ба кори телевизион баргардад. Вай илова кард, агар то ду моҳи дигар фаъолияташ дар телевизиони "Сафина" барқарор нашавад, аз хабарнигорӣ дар як муассисаи давлатӣ даст кашида, ба ҳайси хабарнигори расонаҳои мустақил ба фаъолият хоҳад пардохт.

Далер Шарифов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар яке аз бозорҳои пойтахт ба аробакашӣ машғул аст, зеро ба ҳангоми дар бемористон буданаш ҳудуди дуним (2,5) ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Ӯ афзуд, маблағи табобатро худаш пардохт кардааст ва то имрӯз танҳо аз ҷониби созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ҳамагӣ 300 доллар кӯмак дарёфт кардааст.

Бо ин вуҷуд, Далер аз сӯи ду шабакаи телевизионии форсизабон, воқеъ дар Дубай, даъвати ҳамкорӣ дарёфт кардааст. Вале мегӯяд ӯ, то ду моҳи дигар мунтазири бозгашт ба "Сафина" хоҳад монд ва баъд аз он тасмими ниҳоияшро хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, Далер Шарифов, хабарнигори шабакаи "Сафина" ва аз масъулони созмони сабтиномнашудаи "Қадам ба қадам" шоми 7-уми май дар наздикии бинои сафорати Русия, дар маҳаллаи 82-юми Душанбе, аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

Ин хабарнигори ҷавон аз соли 2005 бо шабакаи "Сафина" ҳамкорӣ дошта, бо ток-шоуи "Муошират" ва ҳамчунин барномаи "Қатрае аз баҳр" дар байни тамошобинони маъруф аст. Дар айни замон ӯ донишҷӯи соли панҷуми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG