Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия раиси ширкати нафти TNK-BP истеъфо медиҳад


Михаил Фридман
Михаил Фридман
TNK-BP севвумин ширкати бузурги тавлидкунандаи нафти хом дар Русия эълон кард, ки Михаил Фридман-раиси иҷроии ин ширкат ва раиси ҳайати мудирон аз мақоми худ истеъфо медиҳад. Дар эъломияе, ки имрӯз ба нашр расид, дар бораи сабабҳои истеъфои Фридман чизе гуфта намешавад. Вай 48 сол дорад ва дар авоили соли ҷорӣ маҷаллаи “Форбс” вайро дар зинаи 60-ӯми сарватмандони дунё ҷой дод. Сармояи вай 13 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ширкат дар эъломияи худ гуфтааст, ки ба ҷои Фридман раҳбариро гурӯҳи иҷроӣ бар ӯҳда мегирад. Истеъфои вай 30 рӯзро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG