Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дипломатияи либос”-и Эштон дар гуфтушуниди ҳастаӣ


Раҳбари сиёсатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар нишасти хабарӣ дар Бағдод, 24-уми майи соли 2012
Раҳбари сиёсатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар нишасти хабарӣ дар Бағдод, 24-уми майи соли 2012

Аксҳои пешинаи Эштонро нашрияҳои Эрон бо "ретуш" кардан ё пӯшондани сари синааш мунташир намуданд.

Дар ҳоле ки чашми бисёре аз таҳлилгарон, сиёсатмадорон, журналистон ва шаҳрвандони Эрон ба натиҷаҳои гуфтушуниди ҳастаӣ дар Бағдод дӯхта шуда буд, либоси Кетрин Эштон, раҳбари ҳайати панҷ узви доимии Шӯрои Амният бо изофаи Олмон дар маркази нигоҳҳо қарор гирифт.

Ҳадси онҳо, ки Эштон дар рӯзи дуюми музокирот бо ҳиҷоб зоҳир хоҳад шуд, дуруст набаромад, аммо матбуоти Эрон ва шабакаҳои иҷтимоӣ зикр карданд, ки намуди зоҳирии раҳбари сиёсатҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо аз мулоқоти пешина дар Женева то нишасти Бағдод хеле тағйир кард.

Соли гузашта дар Женева Эштон пеши бари кушодатаре дошт. Нашрияҳои Эрон маҷбур шуданд, сари дили ӯро дар аксҳои худ ранг кунанд, то бо хатари баста шудан барои чопи акси зиддиисломӣ рӯбарӯ нагарданд. Чунин таҷриба барои нашрияҳои Эрон муқаррарист.

Баъдан, дар ҷараёни мулоқот дар Истамбул Эштон дар акс бо музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, Сайиди Ҷалилӣ, либоси сиёҳ ва гарданбанди сафеде дошт, ки сари дилашро мепӯшонд. Телевизиони давлатии Эрон аз ин намуди зоҳирии ӯ ситоиш кард ва онро аломати эҳтиром ба қоидаҳои либоси эронӣ номид.

Торнамоҳои хабарӣ низ ин тағйирро қайд карданд ва аз ҷумла сомонаи муҳофизакори “Тобнок” навишт: “Эштон қадами мусбате гузошт, ки нишон медиҳад, мақоми Ҷумҳурии Исломӣ барои ӯ ва Ғарб муҳим аст.”

“Боз як қадами дигар”-ро Эштон дар гуфтушуниди ҳафтаи гузашта дар Бағдод ниҳод. Дар рӯзи аввал вай ҷомаи сурхранге пӯшид, ки гиребонҳояш то гулӯ буданд. Чунин либосро ба осонӣ мешавад дар Теҳрон пӯшид ва бо изофаи рӯмол ё сарбанде ба кӯча баромад ва бо сарзаниши полиси ахлоқ низ рӯбарӯ нашуд. Ин либоси “нав”-и Эштон суоле дар торнамооҳо ва шабакаи Фейсбук ба миён овард, ки оё вай дар мулоқоти баъдӣ бо Ҷалилӣ “чодарӣ”, яъне ҳиҷобӣ хоҳад шуд?

Муносибатҳои байни марду зан дар Эрон як масъалаи нозук аст ва дипломатҳои эронӣ ҳақ надоранд, дасти тарафи дигарро, агар зан бошад, бифишоранд. Бино бар қоидаҳои Ҷумҳурии Исломӣ зану марди бегона наметавонанд, ба ҳам даст диҳанд ё дурудароз ба чашмони ҳамдигар нигаранд. Бархе аз мақомоти эронӣ ва муҳофизакорон ҳатто ҳангоми сӯҳбат мекӯшанд ба чеҳраи занон нигоҳ накунанд.

“Ғарбиён, махсусан Эштон ба ҳассосиятҳои мақомоти эронӣ диққат медиҳанд, аммо намегузоранд, масъалаҳои асосӣ ба самти дигар раванд”, -- мегӯяд дипломати собиқи эронӣ Меҳрдоди Хонсорӣ, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад.

Аксе, ки расонаҳои эронӣ барои давраи навбатӣ бо фотошоп ҳадс задаанд.
Аксе, ки расонаҳои эронӣ барои давраи навбатӣ бо фотошоп ҳадс задаанд.
Иттифоқан, Эштон дар Бағдод аз ҳама ҷиҳат комёб буд. Вай эълон кард, ки даври навбатии гуфтушуниди ҳастаӣ бо Эрон дар Маскав баргузор мешавад: “Эрон эълом дошт, омодааст ба масъалаи ғанисозии 20-дарсадии уран расидагӣ кунад ва тарҳи панҷбандаи худро пеш гузошт, ки аз ҷумла шинохти ҳаққи онро ба ғанисозӣ дар назар дорад.”

Аз сахттариин таҳримҳои байнулмилалӣ ва таҳдиди зарбаҳои ҳарбӣ ситоиш мешавад, ки Теҳронро ба паси мизи гуфтугӯ баргардонданд. Маълум нест, “дипломатияи либос”-и Эштон то куҷо ба идома додани ин гуфтушунид ёрӣ хоҳад кард. Аммо як чиз рӯшан аст: Дар мулоқоти навбатӣ дар Маскав либоси Эштон аз нав дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG