Матбуоти давлатии Туркманистон гузориш додааст, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар Байрамгелдӣ Недиров-вазири нафту газро барои камбудии ҷиддӣ дар фаъолияташ аз мақом барканор кардааст. Недиров 25 май баъд аз ду рӯзи ба имзо расидани қарордоди эҳдоси лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон аз мақом барканор шуд. Вай аз моҳи августи соли 2008 раҳбарии ин вазоратро бар ӯҳда дошт. Кокогелдӣ Абдуллоев-муовини раиси ширкати давлатии “Туркменгаз” иҷрокунандаи мақоми вазир таин шудааст.