Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии як духтар баъд аз 8 соли асорат


Як зану шавҳар дар Босния як духтари олмониро 8 сол дар асорат нигоҳ доштаанд. Миленко Маринкович ва завҷааш Славойкаро рӯзи 17 май дар рустое дар шимолуғарби вилояти Тузла дар пайи ба мақомот хабар додани ҳамсояи онҳо боздошт кардаанд. Пулис гуфт, духтар, ки дар вазъи бади ҷисмониву равонӣ қарор дошт, ба бадрафторӣ ва шиканҷа рӯбарӯ будааст. Ба гуфтаи мақомот, ин духтар, ки ҳоло 19 сол дорад, ҳаққи мулоқот бо мардум ва таҳсил дар мактабро надошт. Модари ин духтар, ки олмонист, замоне ҳамсари Маринкович будааст.
XS
SM
MD
LG