Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди аҳзоби Юнон аз раиси Сандуқи пул


Лагард ва Венизопулос
Лагард ва Венизопулос
Аҳзоби сиёсии Юнон аз раиси Сандуқи байналмилалии пул Кристин Лагард интиқод карданд, ки гуфт, юнониҳо аз пардохти молиёт сарпечӣ мекунанд. Раҳбари ҳизби сотсиалист Евангелос Венизопулос хонум Лагардро ба “таҳқири мардуми Юнон” айбдор кард. Раҳбари чапгароён Алексис Тсипрас гуфт, “коргарони юнонӣ молиёти худро, ки ғайри қобили таҳаммул аст, мепардозанд." Лагард дирӯз дар сӯҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Guardian” фарҳанги дар Юнон роиҷи сарпечӣ аз пардохти молиётро як омили бузурги мушкилоти молии ин кишвар номид. Юнон ба буҳрони молӣ рӯбарӯст ва эҳтимоли хуруҷаш аз минтақаи евроро низ ҳадс мезананд.
XS
SM
MD
LG