Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Диктатор"-ро дар Узбакистон "қайчӣ" задаанд


«Диктатор» - мазҳакаи нави комики маъруфи инглис Саша Коэнро дар Узбакистон сонсур кардаанд. Ин филм, ки достони танзомези ҳукмронии як диктатори африқоист, 83 дақиқа аст, вале бино ба хабарҳо, дар Узбакистон «Диктатор»-ро 12 дақиқа кӯтоҳ кардаанд. Намоиши «Диктатор» дар Тоҷикистону Туркманистон низ манъ шудааст. Ширкати «Тантана», ки ба намоиши филмҳои нав дар Тоҷикистон машғул аст, қаблан эълон кард, ки ба далоили молӣ ва ҳам номувофиқатии баъзе саҳнаҳои филм ба фарҳанги мардуми тоҷик аз намоиши он даст мекашад.
XS
SM
MD
LG