Давлати Сурия мегӯяд, қатли 92 нафар дар шаҳри Ҳуло, бо шумули 32 кӯдак, ки хашми ҷомеаи байналмилалро барангехт, амали дасти артиши он кишвар нест. Ҷиҳод ал-Мақдиссӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Сурия гуфт, “террористон” масъули қатли ин афрод ҳастанд ва ҳукумат, ин қазияро таҳқиқ хоҳад кард. Нозирони Созмони Милалро рӯзҳои ҷумъа ва шанбе ба шаҳри Ҳуло роҳ надоданд, чун нерӯҳои артиши Сурия онро аз тӯпхона бомборон мекарданд. Роберт Муд, раҳбари нозирони Созмони Милал ҳалокати ғайринизомиёнро дар Сурия маҳкум кард. Ӯ гуфт: «Ин иқдом аз сӯи ҳар кас ки оғоз шуда ё ҳар касе, ки масъулияти онро бар ӯҳда дорад, ё ҳар касе ки дар вуқӯи он ҳамкорӣ кардааст, ҳамлаест ғайри қобили қабул, ки алайҳи оянда ва ормонҳои мардуми Сурия анҷом шудааст." Артиши Сурия рӯзи якшанбе низ ҳамла бо танку тӯп ба такягоҳҳи шӯришиён дар шаҳри Ҳуларо идома дод, бо вуҷуди онки ҷомеаи байналмилал онро барои қатли 92 нафар башиддат маҳкум кард. Кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ, ҳалокати ғайринизомиён дар Ҳуларо “қатли ом” хонданд. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Кофӣ Анон, фиристодаи ин созмон барои Сурия аз давлати ин кишвар хостанд истифода аз тӯпхона ва хунрезиро бас кунад.