Ба гуфтаи фаъолони Сурия, дар 24 соати охир бар асари тӯпборони шаҳри Ҳулои вилояти Ҳумс беш аз 90 тан кушта шудаанд. Навори нашршуда дар YouTube аҷсоди даҳҳо кӯдаки кушташуда дар Ҳулоро намоиш медиҳад. Амалиёти нирӯҳои давлатии Сурия дар Ҳуло рӯзи ҷумъа оғоз ёфт. СММ мегӯяд, як гурӯҳи нозиронашро ба ин минтақа фиристодааст. СММ мегӯяд, аз оғози ошӯбҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия беш аз 10 000 нафар ҳалок шудаанд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳам дар гузориши наваш гуфтааст, бо вуҷуди оташбас ва эъзоми 270 нозир ҳар рӯз дар Сурия “мизони ғайриқобилиқабули хушунат ва табъизҳо” дида шуда, “вазъи умумӣ шадидан ҷиддӣ боқӣ мемонад.