Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ба ҳарсе кишвари Қафқоз сафар мекунад


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар ҷараёни сафари ҳаштрӯзааш ба Аврупои шимолӣ, Қафқоз ва Туркия аз Арманистону Озарбойҷон ва Гурҷистон дидан хоҳад кард. Ин силсиласафар 31 май оғоз хоҳад ёфт. Вошингтон мегӯяд, Клинтон дар ин 3 кишвари Қафқоз масоили “амнияти минтақа, демократия, рушди иқтисодӣ ва мубориза бо терроризм”-ро баҳс хоҳад кард. Қарор аст, ки ӯ бо раҳбарони ҷомиаи шаҳрвандии ин кишварҳо низ мулоқот кунад. Клинтон баъди боздид аз Данияву Норвегия ва Шветсия роҳии Қафқоз шуда, рӯзи 7 июн дар Туркия – охирин нуқтаи силсиласафараш - дар як ҳамоиши махсуси мубориза бо террор суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG