Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 ҷангӣ дар як ҳамлаи мушакӣ дар Мироншоҳ


Мақомоти Покистон мегӯянд, ҳамлаи субҳи шанбеи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Вазиристони шимолӣ дастикам 4 ҷангиро кушта ба ҷо гузошт. Як мақоми аршади амниятӣ бе бурдани ном гуфт, ин ҳавопаймо ба манзиле дар наздикии Мироншоҳ ду мушак андохтааст. Намояндаи як қабилаи маҳаллӣ гуфт, ҷангиёни дигар минтақаро печонда, зери овори манзили ҳамлашударо ҷустуҷӯ мекарданд. Вазиристони шимолӣ аз пойгоҳҳои шабакаи чирикии Ҳаққонист, ки ба анҷоми як силсила ҳамлаҳо дар Афғонистон айбдор мешавад. Ҳамлаи субҳи шанбе ҳамлаи севум дар 4 рӯзи охир дар ин минтақа буд.
XS
SM
MD
LG