Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин капсули хусусӣ сохташуда ба Истгоҳ пайваст


Нахустин капсуле, ки ба таври хусусӣ сохта шудааст, рӯзи ҷумъа ба Истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ пайваст шуд. Ин капсул, ки бидуни сарнишин аст, SpaceX Dragon ном гирифтааст ва ба истгоҳи кайҳонӣ барои кайҳоннавардон 544 кило бор интиқол медиҳад. Ин капсулро ширкати таҷҳизоти кайҳонии Амрико дар Калифорния сохтааст ва он рӯзи сешанбе аз Флорида бо мушаке партоб шудааст, мушаке, ки онро низ ҳамин ширкат сохтааст. Аз замони даст кашидани Амрико аз киштии кайҳонии шатл ё қобили истифодаи такрорӣ дар соли гузашта Амрико барои таъмини кайҳоннавардони худ бо маводи зарурӣ аз хадамоти киштиҳои кайҳонии Русия истифода мекард.
XS
SM
MD
LG