Матбуоти Туркия навиштааст, як бамгузори интиҳорӣ мошини худро бо маводи мунфаҷира пур кардааст ва мошинашро дар назди посгоҳи пулис дар шаҳраке бо номи Пинарбошии вилояти Кайсерӣ мунфаҷир сохтааст. Ба ҷуз з худаш як корманди пулис низ кушта шудааст. 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар гузаштаҳо курдҳои ҷудоихоҳ, тундравҳои исломӣ, аз ҷумла ал Қоида даст ба чунин аъмол зада буданд.