Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ғайримунтазираи Олланд аз Афғонистон


Франсуа Олланд дар Кописои Афғонистон
Франсуа Олланд дар Кописои Афғонистон
Имрӯз Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури нави Фаронса ғайримунтазира аз Афғонистон боздид кард, то масъалаи хуруҷи нируҳои кишвараш аз Афғонистонро баррасӣ кунад. Олланд, ки ба тозагӣ раиси ҷумҳур интихоб шуд, мегӯяд, ки то поёни соли ҷорӣ 3 400 нафар низомиёни худро аз Афғонистон фаро мехонад. Вале тибқи нақша нируҳои НАТО баъд аз ду соли дигар то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк мекунанд.

Олланд бо нируҳои кишвараш дар вилояти Кописо мулоқот кард ва қавл дод, ки хуруҷи нируҳоро бо паймони НАТО ва Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҳамоҳанг хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG