Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рукуди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гузориши нави марбут ба вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳонро муаррифӣ кард.
Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гузориши нави марбут ба вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳонро муаррифӣ кард.

Бино бар гузориши нави Вазорати умури хориҷии ИМА ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешрафте накардааст.

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон, маҳдудиятҳои озодии баён ва дин, хушунат ва табъйизи занонро аз муҳимтарин мушкили марбут ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон меномад.

Дар гузориши солонаи ҳуқуқи башар, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, ҳамчунин маҳрумият аз додгоҳи одил, шароити сахт ва марговари маҳбасҳо, манъи боздид аз маҳбасҳо, маҳдудияти таълими динии кӯдакон, фасод, кори иҷборӣ, қочоқи инсон низ ба ҳайси мушкилоти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зикр шудаанд. Гуфта мешавад, мақомоти давлат барои поймол кардани ҳуқуқи инсон муҷозот намешаванд.

ШИКАНҶА

Қонуни асосии Тоҷикистон истифода аз шиканҷаро манъ кардааст, аммо дар амал боздоштшудаҳо мавриди латукӯб, таҳдид ва навъҳои гуногуни шиканҷа қарор мегиранд, то ба иттиҳоми ворида иқрор кунанд. Дар гузориш ба нақл аз додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфта мешавад, дар соли 2010 48 аризаи марбут ба шиканҷа таҳқиқ ва танҳо 13 шикоят тасдиқи худро ёфт. Аммо мақомот ба дастрасии бештар ба маълумоти марбут ба шиканҷа роҳ намедиҳанд ва мухолифи ширкати созмонҳои ҳуқуқи инсон дар пажӯҳиши ин шикоятҳоянд. Дар гузориш аз парвандаҳои пурсару садои шиканҷа ёд шуда, омадааст, ки айбдоршавандагони бадрафторӣ бо маҳбусон ҷазои сазовор надидаанд.

ДОДГОҲ

Айбдоршавандагон, бино бар қонун аз презумпсияи бегуноҳӣ бархӯрдоранд, вале амалан чунин ҳақро надоранд. Қариб ҳамаи айбдоршавандагон дар додгоҳ муҷрим дониста мешаванд. Дар давоми сол аз 5973 парванда 54 нафар “сафед” шуданд ва аз онҳо 15 нафар комилан бегуноҳ баромада, 39 нафар қисман бегуноҳ дониста шуданд. Муҳокимаро додрас раҳбарӣ мекунад ва дар додгоҳҳои Тоҷикистон ҳайати мунсифа, гурӯҳи шаҳрвандон, ки муҳокимаро мушоҳида ва ҳукми худро барорад, вуҷуд надорад.

ОЗОДИИ ҶАМЪОМАД

Қонуни асосии Тоҷикистон озодии ҷамъомади шаҳрвандонро кафолат медиҳад, вале ҳукумат аз афрод мехоҳад, барои баргузории намоиши оммавӣ иҷоза бигирад. Шахсоне, ки мехоҳанд, гирдиҳамоии осоишта барпо кунанд, бино бар хабарҳо, беҳтар медоананд, ки аз чунин андеша даст кашанд, зеро аз вокуниши ҳукумат метарсанд.

Баъзе талошҳои баргузории тазоҳуроти хурд, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ, ислоҳоти замин, камбуди нерӯи барқ рабт доштанд, аз тарафи маъмурон пешгирӣ шуданд. 27-уми апрел 10 зан аз Кӯлоб, ки мегӯянд, барояшон баъд аз сел манзил дода шудааст, дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ гиридиҳамоӣ карданд, ки ҳоло мақомоти манзили онҳоро бозпас мегиранд. Ба онҳо ваъда шуд, ки мушкилашон ҳал мегардад. Вале хеле зуд полис ва маъмурони амниятӣ онҳоро пароканда карданд.

Охири моҳи декабр Атовулло Рақибов, ки хонаашро дар ноҳияи Файзобод тахриб карда буданд, дар назди дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон гусрунашинӣ кард. Кормандони умури дохилӣ дафъатан ӯро ба шӯъбаи милиса бурданд. Дертар Рақибов дар додгоҳ маҳкум шуд.

ФАСОД

Ин бор дар гузориши Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида бештар ба масъалаи густариши фасод ва набуди шаффофият дар кори ҳукумат диққат дода шудааст. “Бино бар қонунҳои Тоҷикистон мансабдорон барои ришва ва фасод бояд ҷазо бинанд, аммо ҳукумат аз ин қонун ба таври самарабахш истифода намекунад. Мансабдороне, ки мунтазам бо ришваситонӣ машғуланд, беҷазо боқӣ мемонанд. Фасод, хешутаборбозӣ ва маҳалгароӣ дар тақсими вазифаҳо ҳамаи сатҳҳои ҳукуматро фаро гирифтааст.”

Дар гузориши ҳуқуқи инсон ба фасод дар Вазорати маориф диққати бештар дода шуда, изҳор мегардад, ки фасод дар ин ҷо шакли “системавӣ” пайдо кардааст. “Аз донишҷӯёни оянда талаб мешавад, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои обрӯманди кишвар ҳазорҳо доллар ришва диҳанд ва муассисаҳои таълимии ивлоятӣ чандсад доллар мехоҳанд. Донишҷӯён аксаран барои гирифтани баҳои хуб дар имтиҳонҳо низ пул медиҳанд.”

ПОЛИСИ РОҲ

“Бисёре аз полисҳои роҳ пули ҷарима аз нақзи қоидаҳои ҳаракатро дар кисаи худ мегузоранд. Онҳо дар фосилаҳои муайяни кӯчаҳо меистанд ва худсарона мошинҳоро нигоҳ дошта, аз ронандагон пора металабанд. Мушкил системавӣ шудааст, зеро дастмузди расмии кормандони полиси роҳ кам аст. Бино бар гузоришҳо, онҳо барои ҷойи кори худ пул медиҳанд ва кӯшиш мекунанд, ин харҷро бо ҷамъ овардани пул аз ронандагон пӯшонанд.”

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон вазифадоранд, ҳолатҳои фасодро таҳқиқ, гунаҳкоронро ҳабс ва муҷозот кунанд. Ҳукумат аз мушкили фасод огоҳ аст ва барои мубориза бо он баъзе қадамҳоро гузоштааст, аз ҷумла боздошту муҳокимаи мансабдорони сатҳҳои поёнӣ, аммо мансабдорони сатҳи баланд ба фасод муттаҳам нашудаанд.

Бино бар гузориши Оҷонси зидди фасод, дар шаш моҳ 1017 парвандаи ришвагирии мансабдорони давлатӣ баррасӣ ва 60 нафар аз мақом барканор шудаанд.

БУҶАИ НОШАФФОФ

Буҷаҳои умумӣ, махсусан харҷу дахли мансуб ба ширкатҳои бузурги давлатӣ шаффофият надоранд. Ҳарчанд порлумон, қарор аст, буҷаи давлатро назорат кунад, амалан, онро бидуни шарҳ ва бо вуҷуди харҷҳои азими номуайян ба тасвиб мерасонад. Дар моҳи майи соли 2010 ҳукумат роҷеъ ба иҷрои буҷа дар соли пешина гузориш нашр кард. Дар он чандин ҷузъиёти марбут ба маориф, беҳдошт ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ мавҷуд буд. Чунин гузориш дар давоми имсол нашр нашуд. Бахши умдаи хароҷоти давлатӣ, зоҳиран, берун аз буҷаанд, аз ҷумла сохтмони биноҳои бузург, боғҳо ва дигар тарҳҳои махсус, ба монанди бӯстонсароҳои тобистона барои президент.
XS
SM
MD
LG