Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуғаффори Камол шоҳҷоизаи "Бонувон"-ро аз худ кард


Абдуғаффори Камол, хабарнигори "Шабакаи якум"-и Тоҷикистон, барандаи шоҳҷоизаи озмуни "Чеҳракушоӣ" эълон шуд. Маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" рӯзи 24-уми май натиҷаи озмуни худ таҳти унвони "Чеҳракушоӣ"-ро ҷамъбаст кард ва ба ин муносибат дар Кохи Ҷомии пойтахт ҳамоиши тақдими ҷоизаҳо бо ширкати чеҳраҳои маъруфи кишварро баргузор намуд.

Ин озмунро маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ҳанӯз як сол қабл эълон ва шарти он боз намудани чеҳраи занони фаъолу ҷавон ва ошно намудани онҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон буд. Ҷоиза барои ҷои аввал ба хабарингори рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" Умаралии Сафаралӣ тақдим гардид.

Ҳуриннисо Ализода, сардабири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" мегӯяд, дар чаҳорчуби ин озмун чеҳраи 24 зани фаъол ва беҳтарин боз карда шудааст, ки Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет аз ҷумлаи онҳо ба шумор меояд.
XS
SM
MD
LG