Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақте иттилои расмӣ нест, ба овоза такя мекунанд"


Як муассисаи мустақили амрикоӣ бо нашри гузорише, матбуоти Тоҷикистонро мувофиқ ба ба меъёрҳои матбуоти озод надонистааст.

IREX як муассисаи мустақили амрикоӣ бо нашри гузорише дар бораи рушди матбуот дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гуфтааст, агарчӣ вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон назар ба баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар аст, аммо матбуот ҳанӯз ҳам ба як рукни муҳими ҷомеа ва ё ҳукумати чаҳорум табдил нашудааст.

Дар ин гузориш, ки Шохиси рушди муназзами матбуот унвон дорад, гуфта шудааст, матбуоти Тоҷикистон ба меъёрҳои матбуоти озод мувофиқ нест, ё ба баъзе аз меъёрҳои ҳадди аққали он мувофиқ шудааст.

Леон Морсе, яке аз таҳиягарони гузориш, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Бар асоси пажӯҳиши мо дар Тоҷикистон 9 қонун мавҷуд аст, ки фаъолияти матбуоту хабарнигоронро танзим мекунад. Албатта, аз Қонуни Асосӣ шурӯъ мешавад, сипас Қонун дар бораи матбуот, Қонун дар бораи телевизион ва радио, Қонун дар бораи иттилоот ва қонунҳои ҷиноии дигар ҳастанд, ки ба фаъолияти матбуот низ дахл доранд. Турко Дикаев, яке аз онҳое, ки дар таҳияи гузориш мусоидат кардааст, гуфт, хондан ва муқоиса кардани қонунҳои марбут ба матбуот инсонро девона мекунад. Ҳамзамон ӯ мегӯяд, талошҳо барои ҳамоҳанг ва комилан мутобиқ кардани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ идома дорад, вале то кунун натиҷае надодаанд."

Радиои Озодӣ: Нуктаи ҷолибе дар ин пажӯҳиш ҳаст, ки дар Тоҷикистон ворид шудан ба бозори матбуот бисёр осон аст ва ҳар кас, ки хоҳад, ҳатто журналист ҳам набошад, метавонад, рӯзномае таъсис диҳад. Ин падидаи хуб аст?

Леон Морсе: "Бале хуб аст. Баъзан баҳсе вуҷуд дорад, ки ҳар нафар метавонад, даъвои хабарнигорӣ кунад. Ба назари ман нуктаи асосӣ ин аст, ки хабарнигорӣ ва ё хабарнигор будан, мисли табиб будан нест. Ба андешаи ман, агар ҳукумат ё матбуот бигӯяд, ки кӣ хабарнигор аст ва кӣ не, дар ин сурат садои мардумро хомӯш мекунанд, ё онҳоро аз муколамаи миллӣ ва ё маҳаллӣ дар бораи сиёсат ва ғайр берун меандозанд, аз гуфтани дидаву шунидаашон маҳрум мекунанд. Айни замон, албатта, вақте сухан дар бораи озодии баён ва матбуот меравад, мо онро дар назар надорем, ки ба ҳар кас минбар диҳем, то ҳарчӣ хоҳад бигӯяд, ҳатто суханҳои зиёновар. Муҳимтарин ҳадафи озодии матбуот, мусоидат ба пирӯзии адолат аст. Вақте мардуми зиёде ба матбуот ворид мешаванд, ҳатто агар як фарде, ки блог дошта бошад, ё як касе, ки аз тариқи Фейсбук гузориш медиҳад, расидан ба адолат осонтар мешавад. Иҷоза медиҳад, ахбори бештар ба мардум бирасад ва ин адолат дар ҷомеаро тақвият мебахшад."

Радиои Озодӣ: Як масъалаи мубрам, ки дар пажӯҳиши шумо ба он таваҷҷӯҳ шудааст, ахлоқи хабарнигорӣ ва плагиат дар матбуоти Тоҷикистон аст. Лутфан дар ин бора бештар мегуфтед...

Леон Морсе: "Ин мушкил хоси матбуоти Тоҷикистон нест. Сабаби ин мушкил зоҳиран фишори зиёд ба хабарнигорон аст, ки иттилооту хабари зиёд менависанд. Ҳамчунин, ба андешаи ман сабаби ин, набудани таҷриба ва наомӯхтан аст. Баъзе хабарнигорон ҳам, тасаввур намекунанд, ки аз матлаби дигаре гирифтаву нашр кардани иттилоъ кори дуруст нест. Аммо ба андешаи ман, як нуктаи муҳим инҷо дастрасии дуруст ба иттилоот аз ниҳодҳои ҳукуматист, ки метавонад монеи ин мушкил шавад. Вақте як хабарнигор, ки кораш гузориш додан дар бораи кори ҳукумату мақомоти маҳаллӣ аст ва наметавонад, иттилооти лозимро сари вақт ба даст биёрад ва фурсат танг аст, ӯ ба тахмин задан шурӯъ мекунад, ба овоза такя мекунад ва ё маълумотеро мегирад, ки каси дигар қаблан нашр кардааст. Ба андешаи ман, яке аз иллатҳои плагиаризм ҳамин аст."
XS
SM
MD
LG