Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: Юнон дар "минтақаи евро" боқӣ мемонад


Ангела Меркел
Ангела Меркел
Рӯзи аввали нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки дар меҳвари он вазъи иқтисодӣ дар “минтақаи евро” қарор дорад, фақат субҳи панҷшанбе поён ёфт. Ангела Меркел ба хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни баҳсҳое, ки тамоми шаб идома доштанд, аҳли нишаст хостори дар "минтақаи евро" боқӣ мондани Юнон шуданд ва аммо таъкид карданд, ки Афина бояд созишҳои қаблан бо Иттиҳодияи Аврупо ҳосилшударо иҷро кунад.

Гуфта мешавад, ки имрӯз аҳли нишаст ҳамчунин мушкилоти қарзии дигар кишварҳо, аз ҷумла, Испания, изҳори назар мекунанд.

Дар арафаи нишаст раисиҷумҳури Чехия Ватслав Клаус миёни раҳбарони аврупоӣ аввалин шуда даъват кард, ки Юнон аз минтақаи евро хориҷ шавад. Ва аммо Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, изҳор намуд, ки барои ҳифзи минтақаи евро аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди берунрафт аз бӯҳрони молиявӣ назари воҳид надоранд.
XS
SM
MD
LG