Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон хостори ҳукми қатли Бини Алӣ шуд


Бини Алӣ дар Арабистони саудӣ панаҳ бурдааст
Бини Алӣ дар Арабистони саудӣ панаҳ бурдааст
Дар Тунис дар мурофиаи навбатии додгоҳӣ аз рӯи парвандаи раисиҷумҳури пешин Зайнулобиддин бини Алӣ додситон хостори ҳукми қатл барои ӯ шуд.

Бин Алӣ ва 22 нафари дигар – мансабдорони воломақоми собиқ дар ҳалокати беш аз 20 тан аз ширкаткунандагони намоишҳои эътирозии моҳи январи соли гузашта айбдор мешаванд. Бар асари он эътирозҳо Зайнулобиддин бини Алӣ кишварро тарк намуд ва дар Арабистони саудӣ панаҳ бурд.

Додгоҳи низомӣ Бини Алиро дар ғайбаш муҳокима мекунад. Тайи як соли ахир сарвари пешини Тунис чаҳор бор маҳкум ба зиндон шуд ва мӯҳлати умумии ҳукми маҳбаси ӯ ҳоло 65 солро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG