Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ИМА аз ҳукми додгоҳии Шокил Афридӣ


ИМА мегӯяд, барои таъқиби додгоҳии табиб Шокил Афридӣ, ки ба нерӯҳои вижаи Амрико дар пайдо намудани раҳбари “Ал-Қоида” Усома бин Лоден кӯмак карда буд, ягон асосу далел мавҷуд нест.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки аз ин пеш Вошингтон ба мақомоти Покистон муроҷиат ва аз ба додгоҳ кашидани Афридӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

Табиб Шокил Афридӣ рӯзи чаҳоршанбе бо иттиҳоми хиёнат ба 30 соли маҳбас маҳкум шуд. Мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи қавонини минтақаи қабиланишини Хайбар баргузор гардид.

Афридӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти марказии кашфи Амрико дар минтақаи Абботободи Покистон маъракаи ҷаълии воксинзании аҳолиро доир намуд ва дар ҷараёни он дар бораи макони буду боши бин Лоден иттилоъ ҷамъ овард. Баъд аз куштори раҳбари “Ал-Қоида” дар Абботобод дар моҳи майи соли гузашта равобити миёни Вошингтону Исломобод ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG