Намояндагони Эрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ имрӯз дар Бағдод ба хотири пайдо кардани роҳи ҳалли баҳси барномаҳои ҳастаии Теҳрон пушти мизи музокирот нишастанд. Ин нишаст раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон Саид Ҷалилиро бо фиристодаҳои 5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ – Амрикову Бритониёву Фаронса ва Русияву Чин – бо иловаи Олмон – қудрати асосии ИА-ро ба ҳам овард. Охирин даври чунин музокирот моҳи апрел дар Истамбул доир шуд, вале натиҷае надод. Амир Мӯсавӣ, мушовири аршади раисиҷумҳури Эрон дирӯз дар Теҳрон ба телевизиони Чин гуфт: «Эрон ду чиз мехоҳад: Якум, эътирофи ҳаққаш ба истифодаи сулҳомези нирӯи ҳастаӣ, ва дувум, лағви таҳримоте, ки ноодилона болои Эрон эъмол кардаанд.»
Бино ба хабарҳо, Эрон дар арафаи нишасти Бағдод ба таҳқиқи гумонҳо дар бораи озмоишҳои марбут ба сохтани силоҳҳои ҳастаияш аз сӯи нозирони СММ усулан розӣ шудааст. Аммо тавофуқ дар ин масъала ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Теҳрон талошаш барои сохтани чунин силоҳҳоро радд мекунад.