Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи инсон ва шеваҳои нави ба дом андохтани муштариён


Як гурӯҳи чаҳорнафара, ки қасди қочоқи инсон ба хориҷи Тоҷикистонро доштанд, аз сӯи мақомот интизомии кишвар боздошт шудааст.

Одамфурӯшон ё онҳое, ки занону духтаронро бо фиреб ба фоҳишахонаҳои хориҷӣ интиқол медиҳанду мардонро ба ғуломӣ дар мамолики бегона, воситаҳои нави ҷалби қурбониёнро истифода мекунанд.

Рафоат Бобоева, аз созмони "Чашмаи ҳаёт", воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, агар чанд сол пеш қочоқчиёни инсон тавассути эълонҳо ва дар тафреҳгоҳҳо ба истилоҳ “сайди худро ба дом меандохтанд”, ҳоло тариқи интернет қурбониёни худро пайдо мекунанд.

Бону Бобоева афзуд “қочоқчиён шахсони фаъол ҳастанд ва ба шароитҳои мухталиф тез мутобиқ шуда, дар ҷустуҷӯи роҳҳои нав мешаванд.” Ба ақидаи ӯ, қочоқи инсон асосан ба густариши муҳоҷират бастагӣ дошта, маҳз аз ҳамин ҳисоб афзоиш меёбад.

Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон муборизаи худро зидди қочоқ ё хариду фурӯши инсон дар ду соли ахир муассир арзёбӣ мекунанд. Хоса дар соли ҷорӣ нерӯҳои пулис муваффақ шудаанд, ки аз чанд мавриди қочоқи инсон ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин робита ба ҳодисаи ахире, ки як гурӯҳи чаҳорнафара мехост теъдоде аз занону духтарони тоҷикро бо ҳадафи истисмори ҷинсӣ ба Афғонистон
Як гурӯҳи чаҳорнафара, ки қасди қочоқи инсон ба хориҷи Тоҷикистонро доштанд, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст.
Як гурӯҳи чаҳорнафара, ки қасди қочоқи инсон ба хориҷи Тоҷикистонро доштанд, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст.
интиқол бидиҳад, таъкид мешавад. Кормандони раёсати ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилӣ ин гурӯҳи қочобари инсонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои Ҷӯрахон Зоиров, сардори Раёсати ҷиноятҳои муташакили вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ин пештар қочоқчиёни дигар низ мехостанд, чанд нафарро ба Арабистони Саудӣ мунтақил намоянд, аммо боз ҳам тирашон хато хӯрд: “Дар соли 2004 ба ҳангоме, ки Тоҷикистон ба қонуни ҷиноӣ банди алоҳидаро ворид кард, дар масъалаи хариду фурӯши инсон бино ба гузоришҳои байналмиалӣ дар сатҳи ҷаҳони кишвари мо дар ҷойи охирон қарор дошт. Тайи чанд соли ахир вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо фаъолияти худро пурзӯр намудааст. ”

Аммо нерӯҳои пулис аз аввали соли ҷорӣ то кунун чаҳор ҳодисаи марбут ба қочоки инсонро кашф ва омилони онҳоро боздошт кардаанд, ки аксари қурбониёни ин ҳодисаҳо занону духтарон будаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта тавассути вазорати корҳои дохилӣ 6 маврид аз ин гуна ҷиноят ошкор гардидааст. Ин аст, ки мавориди қочоқи инсон, ба хусус занону духтарон ба хориҷи кишвар аз мавзуҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва нигарониҳоеро низ ба бор овардааст.

Бо он ки оморҳо аз коҳиши ин гуна маворид ҳикоят мекунад, аммо Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, низ дар ду ҳафтае пеш дар мулоқоте бо донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ рӯи ин падидаи номатлуб ишора кард: ”Масъали хариду фурӯши инсон яке аз мушкилоти ҷиддӣ аст ва бинобар ин дар назди ҳукумати кишвар, комиссияи махсуси мубориза бар зидди хариду фурўши инсон фаъолият мебарад. Ва ҳамчунин дар вазорати корҳои дохилӣ бар зидди ин навъи ҷиноят ду бахши махсус мубориза мебарад.”

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар тӯли чанд соли охир мубориза зидди қочоқи инсонро густариш ва тақвият бахшида ва омилони зиёди ин гуна ҷиноятҳо дар дохил ва хориҷи кишвар боздошт гардиданд. Инчунин даҳҳо занону духтарони қочоқшуда аз кишварҳои мухталиф ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Афзун бар ин ҳоли ҳозир се маркази бӯҳронӣ дар Тоҷикистон ба қурбониёни қочоқи инсон кӯмаки равониву ҳуқуқӣ мерасонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бар пояи гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, қочоқбарон аскаран занҳоро барои истисмори шаҳвонӣ ва мардонро бо ҳадафи истисмори нерӯи кор истифода мебаранд. Тибқи гузоришҳо, танҳо дар соли 2010 дар Тоҷикистон 530 мавриди марбут ба қочоқи инсон кашф шудааст. Аммо омори расмии ду соли охир нишон медиҳад, ки ин рақам ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Мунира Аҳмадова, раҳбари маркази дастгирии ҳуқуқии «Фемида” мегӯяд, дар се соли ахир вакилони ин созмон дар се парвандаи ҷиноятии марбут ба одамҷаллобӣ ширкат ва аз ҳуқуқи қурбониёни қочоқ дифоъ намудаанд: «Дар ин се ҳолат ҳам муҷримон ба маҳкама кашида шуданд. Тибқи кодекси ҷиноӣ, барои ҷинояти хариду фурӯши инсон аз 5 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ муайян шудааст.“

Ба таъкиди раҳбари маркази дастгирии ҳуқуқии “Фемида”, афзоиши корҳои таблиғотии зиддиқочоқчиён дар ҷомеа боиси он шудааст, ки сатҳи огаҳии мардум дар ин масъала низ баландтар гардад. Аммо ба гуфтаи ин таҳлилгар, то замоне, ки вазъи иқтисодии мардум беҳбуд наёбад, коҳиши ҳодисаҳои марбут ба қочоқи инсон зери суол меравад.
XS
SM
MD
LG