Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клаус хостори ихроҷи Юнон аз "минтақаи евро" шуд


Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар нишасти ғайрирасмӣ дар Брюссел ба баррасии вазъи иқтисодӣ дар “минтақаи евро” мепардозанд. Авзоъ дар Юнон ва ҳамчунин мушкилоти қарзии дигар кишварҳо, аз ҷумла, Испания, дар меҳвари баҳсу баррасиҳо қарор хоҳанд дошт.

Раисиҷумҳури Чехия Ватслав Клаус миёни раҳбарони аврупоӣ аввалин шуда даъват кард, ки Юнон аз минтақаи евро хориҷ шавад.

Шореҳон мегӯянд, ихроҷи Юнон аз минтақаи евро дар ҳоле ногузир хоҳад шуд, ки агар баъд аз интихоботи парлумонии моҳи июн ҳукумати содиқ ба коҳиши буҷа ва иҷрои созишҳои қаблан бо Иттиҳодияи Аврупо оид ба кӯмаки молӣ ҳосилшуда сари кор наояд.
XS
SM
MD
LG