Афроди номаълум дар маркази Карочӣ ба ҷониби афроди эътирозгар оташ кушоданд, ки дар натиҷа нӯҳ нафар кушта ва 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Баъзе хабаргузориҳо мегӯянд, ки шумори воқеии қурбониҳо аз ин зиёд аст. Ҳамлагарон раҳпаймоии гурӯҳи сиёсии миллатгарои Авомӣ Таҳрикро ҳадаф қарор додааст. Ҳанӯз масъулияти ин таркишро касе ба ӯҳда нагирифтааст.