Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин вазирони собиқро мушовир таъйин кард


Президент Владимир Путин ҳафт вазири пешини ҳукумати Русияро дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ вазифа дод. Рӯзи гузашта Путин ҳайати нави кабинаашро муаррифӣ кард, ки зери назари нахуствазири дастнишондааш Дмитрий Медведев кор хоҳанд кард. Ба мақомҳои мушовирони президент вазирони пешини нақлиёт, беҳдошт, маориф, иқтисод, мухобирот ва энержӣ таъин шуданд. Вазири собиқи умури дохила Рашид Нургалиев муовини раиси Шӯрои амнияти президент таъин шуда, Николай Патрушев дар мақоми дабири Шӯрои амният боқӣ мемонад. Сергей Иванов дар вазифаи пешинаш, яъне раиси ситод ифои вазифа хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG