Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борон нагузашта, боз борон, борон...


Имрӯз дар шаҳри Душанбе каму беш борон меборад, аз 18 то 22 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд рӯзона ҳавои соф ба ҳавои абрӣ табдил шуда каме борон меборад ва аммо шом ҳаво дубора беғубор мешавад, то 27 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳаво боронӣ ва то 27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳавои соф пешбинӣ шудааст ва аммо шом борон меборад, то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ ҳаво нимабрӣ шуда, дар баъзе мавзеъҳо борон меборад, аз 14 то 22 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG