Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи хуруҷи НАТО аз Афғонистон тасвиб шуд


Имрӯз дар рӯзи дувуми нишасти Чикаго сарони НАТО нақшаи таҳвили масъулияти амниятӣ ба нирӯҳои афғон то миёнаи соли 2013-ро тасвиб карданд. Дар нишасти Чикаго нақшаи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон то поёни соли 2014 низ тасдиқ шудааст. НАТО ҳамчунин аз Покистон хост, то роҳҳои экмолотӣ ба Афғонистонро ҳарчӣ зудтар дубора боз кунад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба аҳли нишаст гуфт, эътилоф маъмурияташро дар Афғонистон иҷро кард ва “Толибонро шикаст дод.”
XS
SM
MD
LG