Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як нишони тилои Дилшод Назаров


Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Бразилия дар сабқати навбатӣ аз силсилаи мусобиқоти Ҷоми Иттиҳодияи варзиши сабук (IAAF World Challenge) соҳиби мақоми аввал ва нишони тило шуд. Дилшод Назаров инбор гурзашро ба масофаи 76 метру 97 сантиметр андохт. Ӯ қаблан дар Кавасакии Ҷопон низ соҳиби ҷои аввал шуд. Мақоми дувумро дар Бразилия Сергей Колометс аз Беларус гирифт. Дилшод Назаров яке аз 13 варзишгари тоҷик аст, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондонро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG