Бино ба хабарҳо, имрӯз дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона алайҳи сарбозони донишҷӯён дар Санъо, пойтахти Яман дастикам 50 тан кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Бовар меравад, ки бомбгузор аз афроди шабакаи Ал-Қоида бошад. Мақомот гуфтаанд, як марди либоси сарбозӣ дар тан худро дар майдони Сабин, дар наздикии Кохи раёсатҷумҳурии Яман тарконд. Вазири дифоъ ва фармондеҳи ситоди артиши Яман низ дар маҳалли таркиш будаанд, вале осеб надидаанд. Сарбозон ба таҷлил аз солгарди 22-юми ба ҳам омадани Ямани шимоливу ҷанубӣ, ки фардо ҷашн гирифта мешавад, омодагӣ мегирифтанд.
Ҳамлаи хунини маргталабона дар пойтахти Яман
