Раҳбари Ожонси назорати нирӯи атомии СММ Юкия Амано дар Теҳрон бо мақомоти эронӣ мавзӯъи боз кардани роҳи таҳқиқи байналмилалии гумонҳоеро, ки Эрон гӯё барномаи махфии сохтани силоҳҳои ҳастаиро дунбол мекунад, баррасӣ кард. Бино ба хабарҳо, Амано имрӯз бо раҳбари созмони ҳастаии Эрон Фаридун Аббосии Давонӣ мулоқот карда, қарор аст, бо раҳбари ҳайъати музокиротии Теҳрон Саид Ҷалилӣ ва ҳам бо вазири хориҷа Алиакбар Солеҳӣ мулоқот кунад. Ҳадафи сафар фишор ба Теҳрон аст, то ба муҳаққиқони Ожонси ҳастаӣ дастрасӣ ба таъсисоти дахил дар таҳқиқоти силоҳҳои ҳастаиро иҷозат диҳад. Ҷумҳурии исломӣ ҳар навъ талошаш барои сохтани чунин силоҳҳоро радд мекунад. Сафари Амано дар пешорӯи даври навбатии музокироти Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонист, ки рӯзи чоршанбе дар Бағдод оғоз хоҳад ёфт.