Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО сипари мушакиашро ба роҳ андохтааст


Андерс фоғ Расмуссен
Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен дар нишасти сарони ин паймон дар Чикаго эълон кард, ки сипари мушакии НАТО бо тавони рафъи мушакҳои оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Тибқи нақша, ин сипари НАТО бояд то соли 2022 тамоми Аврупо ва Амрикоро таҳти пӯшиш қарор диҳад. Русия мухолифи сипари мушакист ва мегӯяд, ки он иқтидори ҳастаияшро сифр мекунад. Расмуссен аммо бори дигар гуфт, ин мушак ҷои тарсе барои Русия надорад. Расмуссен изҳори умед кард, ки Маскав ба ҳамкорӣ дар масъалаи дифоъи мушакӣ розӣ хоҳад шуд. Қаблан муовини вазири дифоъи Русия Анатолий Антонов НАТО-ро ҳушдор дод, ки аз ин нақша, ки ба ақидаи ӯ, тавозуни ҷаҳонии стротегиро тахриб мекунад, даст бикашад.
XS
SM
MD
LG