Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: НАТО ба вазъ дар Сурия дахолат намекунад


Кишварҳои узви НАТО ба вазъ дар Сурия дахолат нахоҳанд кард. Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен ва намояндаи ИМА дар ин Паймон Иво Даалдер гуфтанд, ки кишварҳои узв роҳҳои таъсиргузорӣ болои раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро меҷӯянд, то ки ӯро барои иҷрои тарҳи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннон водор созанд. Ин изҳорот дар долонҳои нишасти НАТО дар Чикаго садо дод.

Ёвари вазири умури хориҷии ИМА дар умури амнияти миллӣ Бен Родс хабар дод, ки Вошингтон ва ҳампаймонҳояш ба мухолифини Сурия пуштибонии дипломатӣ мекунанд.

Дар ҳамин бо вуҷуди эълони оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ хушунат дар Сурия идома дорад. Рӯзи якшанбе бар асари ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба деҳаи Сурани вилояти Ҳома 34 сокини осоишта кушта шуданд. Дар ин бора гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари Сурия, мустақар дар Лондон, хабар дод. Дар дигар манотиқи кишвар рӯзи якшанбе боз 14 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар чанд шаҳри Сурия намоишҳои зиддиҳукуматӣ баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG