Раҳбарони кишварҳои НАТО дар Чикаго барои ширкат дар мулоқоти ин паймон гиридиҳам омадаанд. Баррасии масъалаи Афғонистон дар садри дастури рӯзи ин мулоқот қарор дорад. Ҳадафи аслии раҳбарон ба тавофуқ расонидани мавзеъгирии муштарак роҷеъ ба хуруҷи нируҳо ва роҳҳои вогузор кардани амният бар дӯши нируҳои амниятии худи Афғонистон аст.
Ҳафтаи гузашта Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО гуфт, вай интизор аст, ки нируҳои НАТО машқу тамрин ва машварату кӯмак ба нируҳои Афғонистонро баъд аз соли 2014 низ идома диҳанд.
Дар мулоқоти НАТО дар Чикаго масъалаи иҷоди сипари дифои зиддимушакии НАТО дар Аврупо низ баррасӣ мешавад. Маскав иддао мекунад, ки ин сипар бар зидди Русия нигаронида шудааст.