Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯъмин Қаноат-шоири мумтоз 80 сола шуд


20 май Мӯъмин Қаноат-шоири мумтози тоҷик 80 сола шуд. Шоир дар адабиёти муосири Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравии пешин бо як силсила осори пурарзиш шӯҳрат пайдо кард ва аз ҷумлаи фарҳангиёни пештози тоҷик ба шумор меравад. “Сурӯши Сталинград”, “Мавҷҳои Днепр”, “Тоҷикистон исми ман”, “Масъуднома” “Гаҳвораи Синно” ва амсоли он аз ҷумлаи достонҳои машҳури шоир ба шумор меравад.

Мӯъмин Қаноат 1968 муовини авали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 дар вазифи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адои вазифа кард. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи осори хатии Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро сарварӣ намуд. Солҳои 1996-2000 муовини Раиси ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», солҳои 2001 -2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.
XS
SM
MD
LG