Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифи "Сурӯши Сталинград" ҳаштодсола шуд


Шоири саршиноси тоҷик устод Мӯъмин Қаноат рӯзи 20-уми май ҳаштодсола шуд.

Мӯъмин Қаноат бо тозакориҳои шигифтангези худ дар адабиёти ҷаҳонӣ шӯҳрати хоса пайдо намудааст. Ӯ солҳои панҷоҳуми асри гузшта бо андешаҳои саршор аз ифтихори миллӣ ва назарҳои тоза дар фалсафаи шеър, ба майдони адабиёт қадам гузошт ва шӯҳрати шеъри тоҷикро ба зинаҳои баланд бардошт.

Ин абармарди олами адаб 20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Нахустин шеърҳои худро ҳангоми таҳсил дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Ғарм суруда ба рӯзномаи ноҳиявӣ супурдааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи Ғарм, шоири ҷавон донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мешавад. Пас аз хатми Донишгоҳ Мӯъмин Қаноат муддати даҳ сол дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» фаъолият менамояд.

Соли 1968 муовини авали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 дар вазифи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адои вазифа менамояд. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи осори хатии Академияи улуми Тоҷикистонро сарварӣ менамояд.Тайи солҳои 1996-2000 муовини Раиси ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», солҳои 2001 -2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.

Маҷмӯаи нахустини ашъораш –«Шарора» дар фазои адабии солҳои 50-ум тозатарин падида бошад, маҷмӯаи дуввумаш –«Ситораҳои замин» болу пари ӯро ҷониби осмонҳои беканори сухан фарохтар намуд. Аммо домани андешаву бардоштҳои шоир аз пешрафтҳои ҳамарӯзаи зиндагӣ хеле густурдатар ва амиқтар буд ва шаклҳои пурзарфтарро тақозо дошт. Бинобар ин, шоир ба жанри достон рӯ меорад ва дар адабиёти ҷаҳонӣ чун достонсаро номвар мегардад.

Достони «Мавҷҳои Днепр» - ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳост ва Мӯъмин Қаноатро дар доираи 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат бахшид.

Достони «Оташ» ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Норак бахшида шуда, ҳодисаҳои он дар муборизаи нур алайҳи торикӣ бо такя ба фалсафаи қадимаи тоҷикон ва бунёди оламӣ нуронӣ аз ҷониби насли нав сурат мегиранд.

Достони машҳури «Суруши Сталинград» --садои қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи Сталинград, навҳаи падару модарони фарзандгумкарда мебошад. Ин достон ба устод Қаноат шӯҳрати ҷаҳонӣ овард ва соли 1977 барои ин достон ва достони «Тоҷикистон – исми ман» сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад. Достони «Тоҷикистон –исми ман» дар бедории миллии зиёиёни тоҷик нақши муассир дошт.

Соли 1980 достони тозаи устод – «Гаҳвораи Сино» ба мукофоти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ноил гардид, ки саршори андешаҳои амиқи фалсафӣ буда, даъват ба шинохти Сино ва пайравӣ аз бунёдкории ӯ, моҳияи ин асар аст.

Достони «Падар» садои шахси бедорзамирест дар хомӯшии кӯҳистони Дарвоз. Достони «Ситораи Исмат» -асари корномавӣ, фалсафист доир ба қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Исмат Шарифов.

Аҳмадшоҳи Масъуд, сипаҳсолори машҳур, ки артиши Шӯравиро дар Афғонистон аз пой даровард.
Аҳмадшоҳи Масъуд, сипаҳсолори машҳур, ки артиши Шӯравиро дар Афғонистон аз пой даровард.
Достони «Масъуднома» - ро метавон идомаи мантиқии «Ҳамосаи дод» шумурд. Агар аз достони аввалӣ шоир аз набудани ҷаҳонпаҳлавоне шикоят кунад, ки миллатро ба пирӯзиву фаррухрӯзиҳо барад, дар «Масъуднома» дар симои қаҳрамонфарзанди тоҷики Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони ҳақиқияшро меёбад ва чеҳраи нурониву нерӯи ормониашро бо сухани сеҳрангези худ ҷилои раббонӣ ато мекунад.

Мӯъмин Қаноат аз пурнашртарин шоирони тоҷик дар тамоми ҷаҳон аст. Намунаи осори ӯ борҳо ба русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, узбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испанӣ, муғулӣ ва забонҳои дигар нашр шуда ва ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳм гузоштааст.

Устод Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи Улуми Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аксари шоирони номвари тоҷик парвардаи мактаби устод Қаноат буда, ифтихори шогирдии ӯро доранд. Устод Қаноат соли 1991 ба унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
XS
SM
MD
LG