Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди боқимондаи як гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шудаанд


Дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон 19 май иттилоъ дод, ки дар як амалиёти фаврӣ кормандони ин вазорат паноҳгоҳи аъзои дигари гурӯҳи Худойназар Одинаевро 17 май дар кӯчаи ба номи Навоии ноҳияи Сино ошкор карданд ва ду тан аз аъзои ин гуруҳ, яъне Шоимқулов Рузиқул ва Холмуродов Хуршедҷон дастгир шудаанд. Ин ду нафар сокинони шаҳри Ваҳдат мебошанд.

Муҳммадало Асадуллоев-сухангӯи вазорати корҳои дохила гуфт, ки ин гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ бо роҳбарии Худойназар Одинаев 3 марти соли равон дар корхонаи «Обшорон»-и шаҳри Душанбе ба шаҳрвандони Чин ҳамла бурдаанд ва дар ин ҳамла 7 нафар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.

Кормандони вазорати умури охила дар таърихи 25 март 5 тан аз аъзои ин гурӯҳи созмонёфтаро дастгир карданд.

Тибқи хабари ин манбаъ, худи Одинаев бар асари инфиҷори норинҷак дар ҷараёни амалиёти пешин дар маҳаллаи автовокзали пойтахт ҳангоми муқобила бо кормандони пулис ҷароҳатҳои вазнин бардошта ва дар роҳ ба беморхона фавтидааст.
XS
SM
MD
LG