Рӯзи шанбе Эрон гуфт, дар музокироти ҳафтаи оянда, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Бағдод бо кишварҳои 5+1 роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон баргузор мешавад, бояд таҳримҳои зидди Эрон аз миён бардошта шаванд.
Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон ба як рӯзномаи давлатии кишвараш гуфтааст, аз миён бардоштани таҳримҳо “нахустин нишонае” хоҳад буд, ки Ғарб бархӯрди ғалати худро дар робита бо барномаҳои ҳастаии Эрон тағир медиҳад.
Дар як хабари дигар Эрон аз боздиди қарибулвуқуи раиси Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ истиқбол кард. Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфт, боздиди Юкио Амано-раиси ин ожонс аз Эрон “нишонаи хуб” аст.
Хабаргузории ISNA-и Эрон аз қавли Солеҳӣ навиштааст, Теҳрон умедвор аст, ки боздиди Амано ба суолҳое дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон рӯшанӣ хоҳад андохт. Боздиди Амано пагоҳ, рӯзи якшанбе дар назар гирифта шудааст ва қарор аст вай рӯзи душанбе музокироти ҳастаӣ бо Эронро шурӯъ кунад.