Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аудити "Роғун" ба зудӣ нашр хоҳад шуд


Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ натиҷаҳои муҳосибот ва ё аудити ҷамъияти саҳомии “Роғун”-ро нашр хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номае ба Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтааст, ки аудит ба поён расида ва натиҷаҳои он моҳи май бояд нашр шавад. Аз замони фурӯши саҳмияҳо то якуми апрели соли 2012 ба ҳисоби ин ҷамъият аз ҳисоби фурӯши саҳмияву сертификатҳо тақрибан 805 миллион сомонӣ ворид шудааст ва дар зарфи чаҳор моҳи гузашта барои корҳои барқарорсозии нерӯгоҳ аз ин ҳисоб каме бештар аз 800 ҳазор доллар харҷ кардаанд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, дар сурати бунёд, Тоҷикистонро аз мушкили бебарқӣ халос хоҳад кард, вале мухолифати кишварҳои ҳамсоя, сохтмони онро сахт кардааст.
XS
SM
MD
LG