Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбук фурӯши саҳмияҳояшро оғоз мекунад


Фейсбук бузургтарин шабакаи иҷтимоии ҷаҳон, рӯзи ҷумъа ба фурӯши саҳмияҳояш дар бозори бурс оғоз мекунад. Фейсбук, ки арзиши онро 100 миллиард доллар тахмин мезананд, барои ҳар як саҳмия 38 доллар таъйин кардааст. Гуфта мешавад, бо фурӯши аввалияи саҳмияҳои Фейсбук, дороии муассис ва мудири ширкат Марк Зукерберги 28-сола ба 20 миллиард доллар хоҳад расонд. Гурӯҳе аз сармоягузорон умедвори ба даст овардани фоидаи зиёд аз саҳмияҳои Фейсбук ҳастанд, аммо бархе дигар мегӯянд, дар бозори пуррақобати ҳозираи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд эҳтиёт кард. Фейсбукро муассисона дар хобгоҳи Донишгоҳи Ҳарвард сохтаанд ва ҳоло он тақрибан 900 миллион корбар дорад.
XS
SM
MD
LG