Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи 9 "тоҷир"-и гувоҳиномаҳои ронандагӣ


Оҷонсии мубориза бо фасод нисбати нӯҳ масъул дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Гуфта мешавад, ин афрод ба фурӯши гувоҳномаҳои ронандагӣ машғул будаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки садамаҳои нақлиётӣ дар ин минтақа дар ҳоли афзоиш аст ва 30 дарсади чунин садамаҳо ба вилояти Хатлон рост меояд. Боздошти афроди масъул дар ҳолест, ки ба маротиб афзудани шумораи садамаҳои нақлиётии ҳалокатбор дар роҳҳои мошингарди кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, нигарониҳоро ба бор овардааст.Тибқи мушоҳидаҳо дар аксари маворид ин садамаҳои нақлиётӣ бо айби ронандаҳои ҷавоне рух медиҳанд, ки аз ӯҳдаи идораи мошин намебароянд.
XS
SM
MD
LG