Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддин Кабирӣ: "Фишор ҳизби моро қавитар мекунад"


Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, ин гурӯҳи сиёсӣ дар ҳоли рушд аст ва бархе аз фишорҳои алоҳида ба вазъи он таъсир надоранд. Муҳиддин Кабирӣ дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ ба қазияи боздошти писараш бо иттиҳоми куштани инсон дар натиҷаи беэҳтиётӣ бар асари тасодуф низ дахл кард ва гуфт, ба фарзандаш гуфтааст, “ба ҳама гуна ҳукм омода бошад.” Вай афзуд, агар ин қазия ба ҳизб латма мезада бошад, вай аз мақомаш истеъфо хоҳад дод. Кабирӣ аз “сиёсӣ” кардани қазияҳои ҳаёти шахсии сиёсатмадорон изҳори нороҳатӣ намуд ва гуфт, дар кишвар фарҳанги ҳамдардӣ дар чунин ҳолатҳо вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG