Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Младич мавқуф гузошта шуд


Додгоҳи байнулмилалии Гаага ё Ҳейг мурофиаи фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младичро ба вақти номаълум мавқуф гузошт. Додрас Алфонс Орӣ ин тасмимро бо он омил марбут кард, ки додситонҳо бо ироаи бархе асноди парванда ба вакилони мудофеи Младич ба чанд иштибоҳ роҳ додаанд. Ӯ гуфт, ки санаи азсаргирии мурофиаро “ҳарчӣ зудтар” муайян мекунад.

Имрӯз додситонҳо хулосаи тафтишот оид ба куштори мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995-ро пешниҳод карданд. Ба гуфтаи онҳо, додгоҳ асноду баёнотеро зери даст дорад, ки масъулияти қатли тақрибан 8 ҳазор марду навраси мусалмон бар дӯши низомиёни зери фармони Младич мебошад.

Дирӯз дар ҷараёни мурофиа гуфта шуд, ки замони ҷанг дар Югославияи собиқ Ратко Младич ба поксозиҳои қавмӣ дар Боснӣ раҳбарӣ мекард. Қатли одамони осоишта дар Сребренится – мудҳиштарин ҷиноят дар Аврупо баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ратко Младич иттиҳоми даст доштанаш дар наслкӯшӣ, ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти низомиро рад мекунад. Дар сурати собит шудани гуноҳ ба Ратко Младич ҳукми абад таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG