Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз иззатталабии Тоҷикистон то қотилони Олимпур


Қазияи писари раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз мавзӯъҳои муҳими нашрияҳоянд.

"НАҶОТ"

Дар матлаби "Қазияи норӯшани Муҳаммад Тиллозода" аз он интиқод кардааст, ки "як садамаи нақлиётӣ барои баъзе доираҳо ва расонаҳо ҳатто ба як қазияи сиёсӣ табдил ёфтааст." Дар ҳоле ки ба таъкиди нашрия, "аз як ҳодисаи шуми сеюми май беш аз даҳ рӯз сипарӣ гардид, аммо аз чӣ бошад, ки атрофи он сару садоҳо зиёд шуда, гапу каллочаҳоеро ба он печониданианд." Нашрия зимни рӯшанӣ андохтан ба раванди боздошти Муҳаммад Тиллозода тавассути ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳӣ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки боздошт ва нигаҳдории вай дар боздоштгоҳ аз лиҳози қонунӣ нодуруст сурат гирифтааст.

"ИМРӮЗ НЮЗ"

Ин нашрия зимни баррасии қазияи ба садама гирифтор шудани Муҳаммад Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ, дар охир назари додситони кулли Тоҷикистонро, ки дар нишасти матбуотие бо хабарнигорон дар як соли пеш баён карда буд, овардааст. Шерхон Салимзода он замон гуфта буд, "мутаассифона, аз ҳамин гуна ҳодисаҳо баъзеҳо ҳангома кардан мехоҳанд, ки ин ба хотири падарашон аст. Ҳол он ки ҳодисаи садамаҳои нақлиётӣ, ин як ҳодисаи тасодуфӣ аст. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ гӯем, ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда, агар маҳкум ҳам шавад, ӯ ҷазоро дар колонаи сукунат адо мекунад, ки аз озодӣ қариб маҳрум нест."

"ОЗОДАГОН"

Дар ин робита сӯҳбати Раҳматуллоҳ Зоиров, раҳбари Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистонро овардааст, ки мегӯяд, "омодаем, ба писари Кабирӣ кумак расонем." Зоиров, ки аз ҳуқуқдонони саршинос ва ҳамзамон раиси Консорсиюми юридикӣ дар кишвар аст, гуфта, ки "агар қазия характери сиёсӣ бигирад ё мақомот бо амалкардҳои худ онро сиёсӣ намоянд, Консорсиюми юридикӣ ва ҲУСДТ, ки дар сафи худ ҳуқуқшиносони варзида дорад, омодааст, дар паҳлуи Кабирӣ бошад."

"НИГОҲ"

Нашрия навиштааст, "ин қазия ба болои фишорҳои як соли ахир, ки сари ҲНИТ ва шахсан Кабирӣ омаданд, мисли "тарошае аз бом" буд, ки кӯчак нахоҳад шуд, балки хеле вусъат пайдо хоҳад кард." Афзун бар ин, нашрия навиштааст, "акнун раиси ҲНИТ на фақат таҳти фишорҳои сиёсӣ, балки равонӣ низ қарор хоҳад дошт." Ба навиштаи нашрия, "Кабирӣ, ки то ин замон бо маҳорати сиёсӣ имтиҳонҳоро пушти сар кард, акнун пеши имтиҳонҳои инсонӣ ва падарӣ қарор хоҳад гирифт."

"ФАРАЖ"

Рӯйхати пешниҳодии Муҳиддин Кабирӣ ба раисиҷумҳур барои авфи 161 размандаи собиқи ИНОТ-ро ба чолиш кашида, аз ду маротиба дарҷ шудани номи се нафар қотили Муҳиддин Олимпур, хабарнигори саршиноси тоҷик, дар ин феҳрист интиқод кардааст. Хуршеди Атовулло дар матлаби "Иштибоҳ" менависад, "ростӣ, то ба ҳанӯз боварам намеояд, ки дархости афв ба се нафар қотили журналисти нотакрори тоҷик аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадори варзида пешниҳод гардида бошад." Ҷаноби Атовулло гуфтааст, "бовар кунед, гумонам ин аст: касе, ки ин рӯйхатро барои раиси ҳизб таҳия кардааст, ӯро ба иштибоҳ андохтааст. Шояд Кабирӣ намедонист, ки ин нафарон қотили Олимпур ҳастанд, зеро такрор шудани ному насаб гувоҳи он аст, ки онро саросемавор омода кардаанд."

"СССР"

Ин рӯйхатро пешниҳоди якҷониба дониста ва дар матлаби "Чаро Ёқуб Салимов афв нашавад? Ё оппозитсия ба озодиву Фронти Халқӣ ба тюрма..." навиштааст, "пешниҳоди лидери ҲНИТ аз рӯи… савоб нест ва вазъро бӯҳронӣ месозад; агар қабул шавад ва агар нашавад ҳам!" Ба навиштаи нашрия "Муҳиддин Кабирӣ, ки худро на танҳо лидери оппозитсияи ҷангида ва ҳам на танҳо намояндаи як қаноти кишвар мегирад, ки даъвии лидери ягонаи мазҳабӣ - ҲНИТ дорад, агар дар ин феҳрист номи размандагони собиқи Фронти Халқиро ҳам қуш мекард, ҳам ба маъруфияти худ меафзуд ва ҳам ба маҳбубияташ ва ҳам пешниҳодаш ба сарвари давлат 1 зарра реалӣ метофт." Ҳамзамон нашрия ворид нашудани номи Муҳаммадрӯзи Искандаров, аз қумондонҳои бонуфузтарини нерӯҳои мусаллаҳи оппозисияи тоҷик дар водии Раштро суолбарангез донистааст.

"МИЛЛАТ"

Дар матлаби "Путин: Маҳз ҳамин тавр мешавад" навиштааст, "ҳоло ки раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ва дар қасри Кремл аз Русия тақозои қонунӣ ва мантиқии иззат ва эҳтиром мекунад, як қонунманд ва табиист ва расидан ба марҳилаи дигаре аз ғурурро, барои миллат бояд табрик гуфт." Ба навиштаи нашрия, "агар дар воқеъ ин амр муҳаққақ шавад ва иззату эҳтироми манофеи Тоҷикистон ба кишвар бар гардад, муҳоҷирони тоҷик дар Русия мисли ҳамаи инсонҳои дигар ҳаққи мусовӣ пайдо кунанд, ё талоше барои ин кор сурат бигирад, пойгоҳи Русия на барои 49 сол, балки барои ҳадди аққал 10 сол ва он ҳам бо пардохти муносиби ҳаққи иҷора ва агар ҳам Русия аз тарҳҳои Тоҷикистон пуштибонӣ кунад, ба ҳар навъе, Эмомалӣ Раҳмон интихоби дигаре барои мардуми худ боқӣ нахоҳад гузошт, ҷузъ ин ки дар интихоботи соли 2013 ба ҷуз ӯ ба каси дигаре оре нагӯянд."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар робита ба мулоқоти раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар Маскав навиштааст, рокировка ё ҷоивазкунӣ дар сатҳи олии раҳбарияти сиёсии Русия ҳам паёмадҳои мусбат дорад ва ҳам ҷанбаи заъф. Ба ин далел нашрия мӯътақид аст, ки "дар чунин сурат барои президенти Тоҷикистон кор кардан бо ҳамтои дигарбора ба қудрат расидааш аз як тараф осон бошад, аз сӯи дигар мушкил хоҳад шуд."
XS
SM
MD
LG