Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши мухолифин ба ҷашнвора табдил мешавад


Ҳамоиши мухолифин дар Маскав шонси дарёфти мақоми қонунии ҷашнвораро дорад. Вакили маҷлиси ноҳияи Пресня Елена Ткач гуфтааст, ки дар маҷлис теъдоди ҷонибдорони мухолифин зиёд аст ва онҳо аз ин иқдом пуштибонӣ мекунанд.

Қарор аст, ки дар ҷашнвора намоиши филмҳо, консерти ҳунармандон ва баҳсҳои сиёсӣ сурат бигиранд.

Имрӯз созмондиҳандагони ҳамоиши мухолифин вакилони Думаи давлатӣ Иля Пономарёв ва Дмитрий Гудков бо Елена Ткач ҷузъиёти ҷашнвораро баррасӣ мекунанд.

Айни ҳол дар қароргоҳи мухолифин дар майдони Кудрини Маскав тақрибан 50 нафар боқӣ мондаанд. Дирӯз дар ҳамин майдон тақрибан 30 тан аз ҷонибдорони мухолифин боздошт шуда буданд.

Ҳамоиши бидуни мӯҳлати мухолифин рӯзи 7 май ба нишони эътироз алайҳи ба мақоми раисиҷумҳури Русия нишасти Владимир Путин шурӯъ шуд
XS
SM
MD
LG