Дар сафоратҳои Фаронса, Бритониё ва Австралия дар Покистон номаи таҳдидомез бо хокаи шубҳаноки сиёҳ дарёфт шуд. Дар нома гуфта шудааст, ки ин хока заҳр аст ва дар сурати аз сар гирифтани интиқоли борҳои амрикоӣ барои нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон аз хоки Покистон ба ин борҳо пошида хоҳад шуд.
Раиси полиси Исломобод Банӣ Амин хабар дод, ки хока шубҳанок барои тафтиш ба озмоишгоҳ фиристода шудааст.
Ду рӯз пеш вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар расман пешниҳод кард, ки интиқоли молу колои Амрико барои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон аз тариқи қаламрави Покистон аз сар гирифта шавад.
Интиқоли молу коло барои низомиёни хориҷӣ аз тариқи хоки Покистон ним сол пеш, баъди он мутаваққиф шуд, ки бар асари як зарбаи иштибоҳии ҳавопаймои амрикоӣ 24 сарбози покистонӣ ба ҳалокат расиданд. Баъд аз он Шӯрои НАТО интиқоли борҳо барои Эътилофро аз тариқи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монд.