Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазире, ки бо моҷарои шиканҷа истеъфо дод, сарвазир шуд


Вазири пешини умур дохилии Ҷумҳурии Тотористони Русия иҷрокунандаи вазифаи сарвазири ин кишвар таъин шуд. Асқад Сафаров аз мақоми вазирӣ зимни яек моҷарои пурсарусадои шиканҷа аз мақомаш истеъфо дода буд. Дар моҳи март кормандони полиси шаҳри Қазон як боздоштшударо латукӯб ва шишаи шампанро ба дарунаш тела карданд. Шахси шиканҷашуда дар маҳбас ҷон дод ва расонаӣ шудани моҷаро сабаби истеъфои Сафаров шуд. Акнун раисиҷумҳури Тотористон ин шахсро ба мақоми сарвазири кишвар пешбарӣ кард. Қарор аст, Шӯрои давлатии Тотористон охири моҳ таъиноти навро тасдиқ ё рад кунад.
XS
SM
MD
LG